Account

Posts of 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁| АДАБИЁТИ БУЗУРГОН |

newest first

#2035Text
Views544+2%vs avg
Forwards—
Reactions6
Comments—
#2034Text
Views566+6%vs avg
Forwards—
Reactions2
Comments—
#2030Text

#ҚИССАИ_ИБРАТБАХШ Панди ҳазрати Алӣ (разияллоҳ таоло ва анҳ) Мегӯянд ҳазрати Алӣ (р) дар бистари марг хоб буд, ки садои гиряи писараш Ҳасан (р) ба гӯшаш расид, гуфт: Барои чӣ гиря дорӣ? Гуфт: Чӣ гуна гиря накунам, вақте ту дар бистари марг хобӣ? Ҳазрати Алӣ (р.а) гуфт: Ҳашт пандe ҳаст ба ту мегӯям агар бо чортои он амал карда аз чортои дигараш худдори намоӣ, пас ягон касе ба ту наметавонад зараре расонад. Онҳо чӣ будаанд, гуфта пурсид Ҳасан (р). Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: 1. Беҳтарин сарват - ақл аст. 2. Бадтарин нодорӣ - ҷоҳилист. 3. Танҳотарин шахс - такаббуру худписанд аст. 4. Беҳтарин хислати инсон - хулқи хуб аст. Ҳасан (р) гуфт: Чортои дигараш чӣ? Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: 1. Аз дӯсти бо одамони нодон худдорӣ намо, зеро онҳо ба ҷои фоида ба ту зарар меоранд. 2. Бо одамони дурӯғгӯй дӯсти макун. 3. Бо мумсикон дӯстӣ макун туро дар айёми тангдастият танҳо мегузоранд. 4. Бо хоинҳо дӯстӣ макун. Онҳо туро хоҳу нохоҳ рӯзе мефурушанд...

Open in Telegram
Views897+68%vs avg
Forwards—
Reactions7
Comments—
#2029Photo
Views625+17%vs avg
Forwards—
Reactions8
Comments—
#2027Text

.・。.・゜✭・.・✫・゜・。. Ҳикоят аз Бӯстони #Саъдии_Шерозӣ. Яке аз шоҳони даврони қадим - Доро ҳангоми шикор аз одамон ҷудо афтод ва роҳи бозгаштро гум кард. Дар куҳу бешазор, дашту даманҳо сарсон мегашт. Рӯзе аз дур мардеро дид. Гумон кард, ки дузд ва ё роҳзан аст. Камонашро ба даст гирифту хост, ки ӯро бо як тир нақши замин гардонад. Мард аз дур фарёд зад: -Эй Дорошоҳ! Маро ба нишон нагир. Ман дузд нестам, ман галабон Ҳастам, галлаи аспони туро нигаҳбонӣ мекунам. Доро камонро як су гузошта, ба назди галабон омад. Гуфт: -Ман туро нашинохтам. Галабон дар ҷавоб гуфт: -Ман як галлаи бузурги аспҳоро бонӣ мекунам. Ҳамаи онҳоро аз рӯи рангу рафторашон мешиносам. Дорошоҳ, шубҳп кард: -Бовар намекунам. Наход ҳамаи онҳоро як ба як шинохта тавонӣ? Галабон бо қатъият гуфт: -Мешиносам. Аммо ту ҳам галабон ҳастӣ. Дорошоҳ аз ин сухан ҳайрон шуд. Хеле андеша кард ва пурсид: - Магар ман ҳам галабон ҳастам? Галабон гуфт: -Оре, ту ҳам галабон ҳастӣ. Мардуми кишвари ту галлаи туст. Бояд ҳар кадоми онҳоро бишиносӣ, фикру андеша, ҳулқу атворашонро донӣ. Агар надонӣ, ту чй хел шоҳ ҳастӣ? Шоҳ гуфт: -Донистани ман шарт нест. Хизматгорҳои зиёд дорам. Онҳо бояд донанд. Галабон дар ҷавоб лаб кушод; -Кори хизматгорҳо дигару кори ту дигар. Туро, ки Худованд шоҳи мо кардааст, бояд ҳамаи моро шиносӣ ва аз рӯи бехабарӣ нишони тират насозӣ. Шох ҳайрон шуд: -Чихел? Галабон гуфт: - Ҳамон тавре ки ман ҳар як аспи худро дар галлаи бегона меёбам ва Ҳифзу парвариш мекунам. Дорошоҳ ба андеша афтод ва ба худ гуфт: - Ин галабон дуруст мегуяд. Агар худро сарвар донӣ, бояд ҳар яке аз мардуми худро шиносӣ ва хидматгузорӣ намоӣ. Байт: На тадбири *маҳмуду ройи дуруст, Ки душман надонад шаҳаншаҳ зи дӯст. *Маҳмуд - писандида, созгор.

Open in Telegram
Views863+62%vs avg
Forwards—
Reactions7
Comments—
#2025Text

Ҳикоят аз Гулистони #Саъдии_Шерозӣ Подшоҳе бо ғуломи ачамӣ дар киштӣ нишаст ва ғу­лом дигар дарё надида буду роҳати киштӣ наозмуда. Гиряву зорӣ дарниход ва ларза бар андомаш уфтод. Чандон ки *мулотафат карданд, ором намегирифт ва айши малик аз ӯ *мунағғас буд. Чора надонистанд. Ҳакиме дар он киштӣ буд, маликро гуфт: - Агар фармон дихӣ, ман ӯро ба тариқе хомуш гардонам. Гуфт: - Ғояти лутфу карам бошад. Бифармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғута хурд. Чун аз об ба киштӣ баромад, ба гушае биншасту ором ёфт. Маликро аҷаб омад, ҳакимро пурсид: - Дар ин чӣ хикмат буд? Гуфт: - Аз аввал меҳнати гарк шуданро ночашида буд ва қадри саломатии киштӣ намедонист. Ҳамчунин қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд. Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд, Маъшуқи ман аст, он ки ба наздики ту зишт аст. Ҳурони биҳиштиро дузах бувад аъроф, Аз дузахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст. * * * Фарқ аст миёни он, ки ёраш дар бар, То он ки ду чашми интизораш бар дар. *мулотафат - навозиш, меҳрубонӣ. *мунағғас - хиратабъ

Open in Telegram
Views643+21%vs avg
Forwards—
Reactions10
Comments—
#2024Photo

Forwarded from 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁| АДАБИЁТИ БУЗУРГОН |

Гар хуфтаӣ бедор шав, мастӣ макун ҳушёр шав, Бар даргаҳи Ҷаббор шав, эй дил, даме бедор шав! Бо дил бигуфтам ҳар саҳар, эй аз қиёмат бехабар, Бархезу бар олам нигар, эй дил, даме бедор шав! Бархез вақти субҳидам, дар роҳи масҷид мон қадам, То шод бошӣ ту зи ғам, эй дил, даме бедор шав! Бархезу кори худ бисоз, роҳат чу дур асту дароз, Аз молу мулки худ маноз, эй дил, даме бедор шав! Ин молу мулки ин ҷаҳон, судат надорад он замон, Лек дармони ту ба ҷон, эй дил, даме бедор шав! Чандин ҷавонони нозанин, рафтанд дар зери замин, Бовар надорӣ рав бубин, эй дил, даме бедор шав! Аз ту бимонад нолае, ояд яке бегонае, Рафтӣ ту дар вайронае, эй дил, даме бедор шав! Модар буду туро падар, онҳо бирафтанд пештар, Ту ҳам хоҳӣ шуд бадар, эй дил, даме бедор шав! Эй Шамси Табрезӣ туро, аз Ҳақ расида ин нидо, Бар гӯши мардум кун садо, эй дил, даме бедор шав! #шамси_табрезӣ

Open in Telegram
Views574+8%vs avg
Forwards—
Reactions7
Comments—
#2023Photo
Views521−2%vs avg
Forwards—
Reactions1
Comments—
#2018Photo
Views808+52%vs avg
Forwards—
Reactions7
Comments—
#2016Text
Views692+30%vs avg
Forwards—
Reactions5
Comments—
#2015Text
Views607+14%vs avg
Forwards—
Reactions7
Comments—