🇹🇯Созмони Милали Муттаҳид бо эъломияи худ Абӯалӣ Ибни Сино ва Умари Хайёмро ТОҶИК эълон кард.
Открыть в TelegramПосты канала 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁| АДАБИЁТИ БУЗУРГОН |
Ҳар ҷо ки кунам хона, ҳамхона туро ёбам, Ҳаргиз наравам ҷое, к-он ҷо на туро ёбам. Гар хоб кунам шабҳо, в-ар хона равам танҳо, Дар хоб туро бинам, дар хона туро ёбам. Дар базми қадаҳнӯшон, дар чашми вафокӯшон, Маъшуқа туро донам, ҷонона туро ёбам. Дар сӯҳбати ҳар ҷамъе, к-афрӯхта шуд шамъе, Гирди сари ӯ гардон, парвона туро ёбам. Гар ҷониби майхона оям пайи паймона, Дар дасти майошомон паймона туро ёбам. Аз сар бикашам хирқа, дар баҳр шавам ғарқа, Дар ҳар садафе пинҳон, дурдона, туро ёбам. Аз худ бигусил, Ҷомӣ, мезан дари гумномӣ, К-андар тутуқи ишрат бегона туро ёбам. #АБДУРАҲМОНИ_ҶОМӢ
Открыть в Telegramдар баёни силаи раҳм Рав, бари пурсидани хешони хеш! То ки гардад муддати умри ту беш! Бегумон нуқсон пазирад умри ӯ, Ҳар ки гардонад зи хешованд рӯ. Ҳар ки ӯ тарки ақориб мекунад, Ҷисми худ қути ақориб мекунад. Гарчи хешони ту бошанд аз бадон, Бадтар аз қатъи раҳим чизе мадон. Ҳар ки ӯ аз хеши худ бегона гашт, Номаш аз рӯйи бадӣ афсона гашт. #АТТОРИ_НИШОПУРӢ
Открыть в TelegramДар олами бевафо касе хуррам нест, Шодию нишот дар бани Одам нест. Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест, Ё одам нест, ё аз ин олам нест. #Бадриддин_Ҳилолӣ
Открыть в Telegram❗ Канал маъмур (админ) қабул мекунад, хоҳишмандон метавонед муроҷиат кунед: @ahmadzoda_amirbek
Открыть в Telegram#ҚИССАИ_ИБРАТБАХШ Панди ҳазрати Алӣ (разияллоҳ таоло ва анҳ) Мегӯянд ҳазрати Алӣ (р) дар бистари марг хоб буд, ки садои гиряи писараш Ҳасан (р) ба гӯшаш расид, гуфт: Барои чӣ гиря дорӣ? Гуфт: Чӣ гуна гиря накунам, вақте ту дар бистари марг хобӣ? Ҳазрати Алӣ (р.а) гуфт: Ҳашт пандe ҳаст ба ту мегӯям агар бо чортои он амал карда аз чортои дигараш худдори намоӣ, пас ягон касе ба ту наметавонад зараре расонад. Онҳо чӣ будаанд, гуфта пурсид Ҳасан (р). Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: 1. Беҳтарин сарват - ақл аст. 2. Бадтарин нодорӣ - ҷоҳилист. 3. Танҳотарин шахс - такаббуру худписанд аст. 4. Беҳтарин хислати инсон - хулқи хуб аст. Ҳасан (р) гуфт: Чортои дигараш чӣ? Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: 1. Аз дӯсти бо одамони нодон худдорӣ намо, зеро онҳо ба ҷои фоида ба ту зарар меоранд. 2. Бо одамони дурӯғгӯй дӯсти макун. 3. Бо мумсикон дӯстӣ макун туро дар айёми тангдастият танҳо мегузоранд. 4. Бо хоинҳо дӯстӣ макун. Онҳо туро хоҳу нохоҳ рӯзе мефурушанд...
Открыть в TelegramПереслано из ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ 📚
Сураи Каҳф — як мактаб аст ва чӣ дарсҳое дар он ниҳон аст‼️ ▪️Аз ҷавонони ғори Каҳф биомуз, ки дини ту ватани ту, гушту хуни ту аст. ▪️Аз соҳиби ду боғ биомуз, ки арзиши инсон ба қалби уст, на ба ҷайбаш. ▪️Вақте достони Хизр ва Мусо (алайҳимассалом)-ро мехонӣ, бо қалби худ андеша кун. ▫️Аз сурох кардани киштӣ биомуз, ки Аллоҳ баъзан бо мусибати хурд бандаашро меозмояд, то уро аз мусибати бузург наҷот диҳад. ▫️Аз кушта шудани писарбача биомуз, ки гоҳе он чиро Аллоҳ аз ту мегирад, дар асл бахшиш ва атову неъматест барои ту. ▫️Ва аз девор биомуз, ки ҳеҷ кас вафодортар аз Аллоҳ нест! https://t.me/charoghi_marifat
Открыть в TelegramХештан нашнохт мискин одамӣ, Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ. Хештанро одаме арзон фурӯхт, Буд атлас, хеш бар далқе бидӯхт. #МАВЛОНО
Открыть в Telegram.・。.・゜✭・.・✫・゜・。. Ҳикоят аз Бӯстони #Саъдии_Шерозӣ. Яке аз шоҳони даврони қадим - Доро ҳангоми шикор аз одамон ҷудо афтод ва роҳи бозгаштро гум кард. Дар куҳу бешазор, дашту даманҳо сарсон мегашт. Рӯзе аз дур мардеро дид. Гумон кард, ки дузд ва ё роҳзан аст. Камонашро ба даст гирифту хост, ки ӯро бо як тир нақши замин гардонад. Мард аз дур фарёд зад: -Эй Дорошоҳ! Маро ба нишон нагир. Ман дузд нестам, ман галабон Ҳастам, галлаи аспони туро нигаҳбонӣ мекунам. Доро камонро як су гузошта, ба назди галабон омад. Гуфт: -Ман туро нашинохтам. Галабон дар ҷавоб гуфт: -Ман як галлаи бузурги аспҳоро бонӣ мекунам. Ҳамаи онҳоро аз рӯи рангу рафторашон мешиносам. Дорошоҳ, шубҳп кард: -Бовар намекунам. Наход ҳамаи онҳоро як ба як шинохта тавонӣ? Галабон бо қатъият гуфт: -Мешиносам. Аммо ту ҳам галабон ҳастӣ. Дорошоҳ аз ин сухан ҳайрон шуд. Хеле андеша кард ва пурсид: - Магар ман ҳам галабон ҳастам? Галабон гуфт: -Оре, ту ҳам галабон ҳастӣ. Мардуми кишвари ту галлаи туст. Бояд ҳар кадоми онҳоро бишиносӣ, фикру андеша, ҳулқу атворашонро донӣ. Агар надонӣ, ту чй хел шоҳ ҳастӣ? Шоҳ гуфт: -Донистани ман шарт нест. Хизматгорҳои зиёд дорам. Онҳо бояд донанд. Галабон дар ҷавоб лаб кушод; -Кори хизматгорҳо дигару кори ту дигар. Туро, ки Худованд шоҳи мо кардааст, бояд ҳамаи моро шиносӣ ва аз рӯи бехабарӣ нишони тират насозӣ. Шох ҳайрон шуд: -Чихел? Галабон гуфт: - Ҳамон тавре ки ман ҳар як аспи худро дар галлаи бегона меёбам ва Ҳифзу парвариш мекунам. Дорошоҳ ба андеша афтод ва ба худ гуфт: - Ин галабон дуруст мегуяд. Агар худро сарвар донӣ, бояд ҳар яке аз мардуми худро шиносӣ ва хидматгузорӣ намоӣ. Байт: На тадбири *маҳмуду ройи дуруст, Ки душман надонад шаҳаншаҳ зи дӯст. *Маҳмуд - писандида, созгор.
Открыть в TelegramИлм чандон ки бештар хонӣ Чун амал дар ту нест, нодонӣ! На муҳаққиқ бувад, на донишманд, Чорпое бар ў китобе чанд! Он тиҳимағзро чӣ илму хабар, Ки бар ў ҳезум аст ё дафтар?! #Саъдӣ
Открыть в TelegramҲикоят аз Гулистони #Саъдии_Шерозӣ Подшоҳе бо ғуломи ачамӣ дар киштӣ нишаст ва ғулом дигар дарё надида буду роҳати киштӣ наозмуда. Гиряву зорӣ дарниход ва ларза бар андомаш уфтод. Чандон ки *мулотафат карданд, ором намегирифт ва айши малик аз ӯ *мунағғас буд. Чора надонистанд. Ҳакиме дар он киштӣ буд, маликро гуфт: - Агар фармон дихӣ, ман ӯро ба тариқе хомуш гардонам. Гуфт: - Ғояти лутфу карам бошад. Бифармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғута хурд. Чун аз об ба киштӣ баромад, ба гушае биншасту ором ёфт. Маликро аҷаб омад, ҳакимро пурсид: - Дар ин чӣ хикмат буд? Гуфт: - Аз аввал меҳнати гарк шуданро ночашида буд ва қадри саломатии киштӣ намедонист. Ҳамчунин қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд. Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд, Маъшуқи ман аст, он ки ба наздики ту зишт аст. Ҳурони биҳиштиро дузах бувад аъроф, Аз дузахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст. * * * Фарқ аст миёни он, ки ёраш дар бар, То он ки ду чашми интизораш бар дар. *мулотафат - навозиш, меҳрубонӣ. *мунағғас - хиратабъ
Открыть в TelegramПереслано из 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁| АДАБИЁТИ БУЗУРГОН |
Гар хуфтаӣ бедор шав, мастӣ макун ҳушёр шав, Бар даргаҳи Ҷаббор шав, эй дил, даме бедор шав! Бо дил бигуфтам ҳар саҳар, эй аз қиёмат бехабар, Бархезу бар олам нигар, эй дил, даме бедор шав! Бархез вақти субҳидам, дар роҳи масҷид мон қадам, То шод бошӣ ту зи ғам, эй дил, даме бедор шав! Бархезу кори худ бисоз, роҳат чу дур асту дароз, Аз молу мулки худ маноз, эй дил, даме бедор шав! Ин молу мулки ин ҷаҳон, судат надорад он замон, Лек дармони ту ба ҷон, эй дил, даме бедор шав! Чандин ҷавонони нозанин, рафтанд дар зери замин, Бовар надорӣ рав бубин, эй дил, даме бедор шав! Аз ту бимонад нолае, ояд яке бегонае, Рафтӣ ту дар вайронае, эй дил, даме бедор шав! Модар буду туро падар, онҳо бирафтанд пештар, Ту ҳам хоҳӣ шуд бадар, эй дил, даме бедор шав! Эй Шамси Табрезӣ туро, аз Ҳақ расида ин нидо, Бар гӯши мардум кун садо, эй дил, даме бедор шав! #шамси_табрезӣ
Открыть в TelegramПереслано из ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ 📚
Аз Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят мекунанд, ки гуфтанд: "Боре аз Паёмбар ﷺ шахсе пурсид: "Аз ҳама кадом ибодат беҳтар аст?" Фармуданд: "Дуое, ки шахс барои худаш мекунад". 📙адаб-ул муфрад - имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) https://t.me/charoghi_marifat
Открыть в Telegram📚#Фийҳо_мо_фийҳ ✍#Мавлоно_Балхӣ Мавлоно: Оё ишқ интихоб аст? Шамс: Ту хаёл кардаи интихоб мекунӣ, аммо ишқ пеш аз интихоби ту, туро интихоб кардааст... Мавлоно: Чаро инсон ранҷ мекашад? Шамс: Зеро ӯ ба он чи раҳо кунад, чанг задааст...
Открыть в TelegramДӯстон се навъанд гар бидонӣ, Нонианду ҷонианду забонӣ. Ба нони нон бидеҳ аз дар биронаш, Навозиш кун бар дӯстони забонӣ. Вале дӯстони ҷониро ба даст ор, Ба ҷонаш ҷон бидеҳ гар метавонӣ. #ХАЙЁМ
Открыть в TelegramОдами аблаҳу худбин ба манаш менозад, Ё ба зебогии чашму даҳанаш менозад. Одами бе хираду беҳунару бемиқдор. Бо санадҳову риёлу туманаш менозад. Гар бигиранд аз ӯ санадҳову туманашро Бо каромоти аҷдоду занаш менозад. Каме аз гӯши ҳамин шахс агар бардорӣ. Ба қаду ҳайкалу ҳам зӯри баданаш менозад. Агар рузе шаваду ҷон, ба Ҳақ биспорад, Боз дар гӯр ба ҷинси кафанаш менозад. Зиндагӣ ноз надорад, ки бинозӣ, Кайвон, Хуррам он кас, ки бо ақлу суханаш менозад
Открыть в Telegram━━━━━━。゜❀.❀゜。━━━━━━ Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро буридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд. Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ, То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ. Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш... Ҳар кӯ восил шуд, ба асли худ расид, З-ӯ расад боқии халқонро мазид. #Мавлоно_Ҷалолудини_Румӣ
Открыть в Telegram