Аз «Помир»-и Хоруғ то дастаи «Рӯшон»: Идомаи роҳи пуршарафи футболи Бадахшон
Ин рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару навиштаҳо дар бораи дастаи «Рӯшон» зиёданд.
Бисёриҳо бо ифтихор менависанд, ки агар «Рӯшон» роҳхат гирад, «аввалин даста дар таърихи Бадахшон мешавад, ки дар Лигаи якуми Тоҷикистон бозӣ мекунад».
Муваффақият ва талоши бачаҳои Рӯшон воқеан боиси ифтихор аст ва ба онҳо барор мехоҳем! Аммо ба хотири дақиқии таърих бояд як нуктаро рӯшан кунем: «Рӯшон» нахустин дастаи ВМКБ дар Лигаи якум нест.
Ҳанӯз 18 сол пеш, дар мавсими соли 2008, дастаи «Помир»-и шаҳри Хоруғ алакай дар Лигаи якуми Тоҷикистон расман иштирок карда буд!
Дар он мавсим «Помир»-и Хоруғ дар баробари 16 дастаи пурқувват (аз ҷумла «Истиқлол»-и Душанбе, «Ромис-Испечак»,«Вахдат», «Варзоб», «Энергетик» ва дигарон) рақобат карда, дар 16 бозӣ 5 ғалаба ва 4 мусовӣ ба даст оварда буд.
✅ Хулоса:
«Помир» (Хоруғ) — нахустин дастае буд, ки роҳи Бадахшонро ба Лигаи якуми Тоҷикистон боз кард (соли 2008).
ФК «Рӯшон» — метавонад пас аз танаффуси тӯлонии 18-сола, дуюмин даста аз Бадахшон шавад, ки парчами футболи вилоятро дубора ба Лигаи якуми кишвар мебарад!