Forwarded from ДУРДОНАИ ШАРҚ
ДӮСТИ АЗИЗ ВА АРҶМАНД! Шумо аз зумраи шахсиятҳои фарҳангпарвару маърифатдӯсте ҳастед, ки барои ҳифзу густариши маънавиёт, забон, адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик саҳми арзанда мегузоред. Ин гуна хидматҳо танҳо кори имрӯз нестанд, балки сармояи маънавие мебошанд, ки дар хотираи таърих боқӣ хоҳанд монд. Имрӯз марҳилаи нави таърихӣ фаро расидааст. Бо шарофати сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев, барои рушди забон, адабиёт ва фарҳанги тамоми миллату халқиятҳои кишвар имкониятҳои тоза фароҳам омадаанд. Таъсиси шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд ва ба нашр расидани маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» низ аз самараҳои ҳамин сиёсати башардӯстона ва фароҳам омадани фазои нави фарҳангӣ мебошад. Бо дастгирии Шумо барин инсонҳои фарҳангпарвар маҷалла 5 сол инҷониб нашр гардида, ба дасти мухлисон мерасад. Панҷсолагии «Дурдонаи Шарқ»-ро ба тамоми ҳамзабонон ва аҳли адабу фарҳанг самимона муборакбод мегӯем! «Дурдонаи Шарқ» танҳо маҷалла нест — ин минбари сухан, оинаи фарҳанг, пайвандгари наслҳо ва садои маънавии тоҷикони Ӯзбекистон аст. Ин маҷалла ба ҳар яки мо тааллуқ дорад. Пас, ҳифзу пойдории он низ масъулияти муштараки мост. Албатта, идомаи нашр ва рушди чунин як минбари муҳими маънавӣ танҳо бо талоши таҳририят имконпазир нест. Барои пойдорӣ ва пешрафти он дастгирии моддию маънавии Шумо, дӯстону ҳаммаслакон ва тамоми фарҳангдӯстон зарур аст. Аз ин рӯ, бо эҳтироми самимӣ аз Шумо хоҳиш менамоем, ки худ ва аҳли оила, ҳамкорон, наздикону дӯстони худро ба обунаи маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» барои соли 2027 ҷалб намуда, дар рушду равнақи адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар Ӯзбекистон саҳми арзандаи худро гузоред. Бовар дорем, ки обуна ба ин маҷалла танҳо харидани як нашрияи даврӣ нест, балки қадаме дар роҳи ҳифзи забони модарӣ, пуштибонии аҳли қалам ва тақвияти ҳувияти фарҳангии мост. Маълумот барои обуна (соли 2027) Нархи обуна аз таҳририят (барои 1 сол): 200 000 сӯм Ҳисобсурати бонкӣ: 20208000001029311001 Бонк: ТИФ МБ Самарқанд бўлими МФО: 00450 ИНН: 306050947 ОКЭД: 58130 Пардохт тавассути корти пластикӣ: 9860190109124999 Масъули обуна дар таҳририят: Муборак Содиқова (+998 90 742-59-13) Индекси обуна (тавассути шуъбаҳои алоқа): 5591 Эзоҳ: Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пас аз расмӣ намудани обуна, нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи онро ба таҳририят ирсол намоед. Ин имкон медиҳад, ки шумораи муштариён ва дӯстдорони маҷалла ба таври дақиқ муайян гардида, бо онҳо робитаи доимӣ барқарор намоем. Биёед, дар ин роҳи пуршараф ҳамқадам бошем. Бигзор «Дурдонаи Шарқ» чароғи маърифат, садои фарҳанг ва пайванди устувори наслҳои имрӯзу фардои мо бошад. Дастгирии Шумо — пуштибонии забони мост, обунаи Шумо — саҳми Шумо дар ояндаи фарҳанги мост! Дилҳоятон бо мо, дуои некатон ҳамроҳи мо ва қадамҳоятон дар роҳи ободии маънавият устувор бод! Бо самимият ва эҳтироми беандоза, АСАДУЛЛО ШУКУРОВ сармуҳаррири маҷаллаи «ДУРДОНАИ ШАРҚ» ✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ 👇 Бо мо бошед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Open in Telegram






