Панд аз забони олими аҳли амал хуш аст, Изҳори фазли ин ҳама фозил ниёз нест. Ғофил зи хеш дар пайи айби касон мабош! К-ин қисса ҷуз ҳикояти сиру пиёз нест. Аз бонги иддаои ту гӯши фалак кар аст, Табли миёнтиҳӣ, ки дигар ҷузви соз нест. Навкисаҳои тоза ба даврон расидаро, Сармояе ба ҷуз ҳаваси кибру оз нест. Ҳар кас ба нархи рӯз хӯрад нони худ, яқин Номарду хоин аст, ки мардумнавоз нест. @SherhoiTojiki
Открыть в TelegramПосты канала Шеърҳои тоҷикӣ
Ба ҳусни туркдухтар, ки саропо макру исён аст, Намеарзад, ки бахшоям ғубори нохуни поро. Агар Ҳофиз ту медидӣ ҷамоли духтари тоҷик, Барояш ҳадя мекардӣ тамоми рӯи дунёро. Ҷамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст, Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро. Агар бо чашми камбинаш ба сӯям як назар орад, Фаромӯш мекунам он лаҳза гулгашти мусаллоро. Ало эй хоҷаи Ҳофиз гумонам, ки пушаймонӣ, Аз оне, ки бубахшидӣ Самарқанду Бухороро! ©Лоиқ Шералӣ
Открыть в TelegramНеши каждум беҳтар аст аз заҳри дӯст Дуст бар дил мезанад каждум ба пӯст Таънаи душман агар дардовар аст, Таънаи дӯстон бидон марговар аст. @SherhoiTojiki
Открыть в TelegramДар хонаи дилам макон дори, Падар! Дарду аламро ниҳон дори, Падар! Аз бахти пасту баландии фарзандон Гоҳ шодиву гоҳ ғам дори, Падар! @sherhoitojiki
Открыть в TelegramСаҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст, Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст. Дилам гўяд, ки бархезам, ҳаво гўяд, ки дам гирам, Ҳаворо зери по орам, ки он чо амри Чаббор аст. Чу мурғон ҳар саҳар гўянд: "Қум ё айюҳалғофил", Ки ту дар хобию надони, касе донад, ки бедор аст. Аз ин беҳтар, ки бархези, зи дида хуни дил рези, Зи дасти чаҳл бигрези, ки шайтон сахт маккор аст. Аё эй Шамси Табрези, гаҳе шаҳду шакар рези, Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст. @SherhoiTojiki
Открыть в Telegram*Падар сардафтари бинои фарзанд, Падар ганҷинаи дастони фарзанд*. *Падар рози Худо розӣ бигуфтанд, Падар пайғамбари дунёи фарзанд*. *Падар сӯзад вале дардаш ниҳон аст, Падар гиряд вале ашк ноаён аст*. *Падар дилдодаи фарзанди дилбанд, Падар мирад вале меҳраш ҳамон аст*. *Падар гӯяндаи панду насиҳат, Падар ҷӯяндаи нони ба меҳнат*. *Падар волотарин инсони олам, Падар арзандаи ҳурмат ва иззат*. @SherhoiTojiki
Открыть в TelegramПадар рӯзе бимирад хор гардӣ, Ки бе Модар зи худ безор гардӣ. Бидон ту қадри онҳоро шабу рӯз, Ба тори мӯи ҳар ду зор гардӣ. @SherhoiTojiki
Открыть в Telegram